Интихобот дар Федерасияи байналмиллии футбол- ФИФА баргузор шуд ва номзади ягона Ҷозеф Блаттер аз нав раиси ин ниҳоди ҷаҳонӣ гашт.
Аз ҷумлаи вакилони анҷумани ФИФА аксари онҳо ба тарафдории ин шахс раъй доданд. Маврид ба ёдоварист, кумитаи оид ба ахлоқи Федератсияи ҷаҳонии футбол ФИФА чанде қабл Муҳаммад бин Ҳаммам, раиси федератсияи футболи қораи Осиё ва муовини раиси ФИФА Ҷек Уорнерро барои муваққат аз вазифаҳояшон барканор карда буд.
Ҳамчунин, Муҳаммад бин Ҳаммам баъди ошкор шудани ин қазия ва барканории муваққатиаш аз мақом расман номзадиашро дар сабқати расидан ба курсии президенти ФИФА бозпас гирифта буд.Ҳамин тавр, интихоби раиси ФИФА дирӯз баргузор гардида, Блатер президенти ин ниҳод интихоб шуд.