Субҳи рӯзи гузашта дар ҳудуди мактаби миёнае дар шаҳри Кобул гранатаи дастӣ таркид.
Дар натиҷа се нафар, бо шумули як муаллим ҷароҳат бардоштаанд. Муҳаммад Зоҳир, як масъули пулиси пойтахти Афғонистон гуфтааст, гранатаро як хонандаи мактаб бо худ овардааст.
Ба иттилои бархе расонаҳо ин толибилм гранатаро сӯи муаллими худ партофтааст.