Дар варзишгоҳи «Истиқлол»-и шаҳри Қайроққум бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва 20-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ сабқати варзишӣ дар намуди карате- кёкушинкай сурат пазируфт.
Дар мусобиқа беш аз 150 варзишгар аз шаҳру навоҳии Хуҷанд, Исфара (ду даста), Конибодом, Истаравшан, Чкалов, Бобоҷон Ғафуров, Ғончӣ ва Қайроққум ширкат доштанд. Каратечиён аз рӯи 21 вазн бо ҳам вориди рақобат шуда, барои дарёфти нишон ва тӯҳфаҳои хотиравӣ мубориза бурданд.
Тими Қайроқум аз рӯи натиҷаи мусобиқа ҷои аввалро касб намуд. Дар мақоми дуюм каратечиёни Ғончӣ соҳиб шуданд. Дастаи Хуҷанд сеюм шуд.