2011-05-04 12:21
Тайи як соли ахир дар саросари олам 101 журналист ба ҳалокат расидааст. Пажӯҳишгоҳи байнулмилалии матбуот,
ки қароргоҳаш дар шаҳри Венаи Австрия воқеъ аст, зимни пахши як баёния гуфтааст, ки ин рақам бузургтарин теъдод аз солҳои 1990 ба ин сӯ мебошад. 40 журналист дар Осиё ва 15 тани онҳо дар давлати исломии Покистон кушта шудаанд. Ҳамзамон, ба навиштаи Пажӯҳишгоҳи байнулмилалии матбуот теъдоди кишварҳои барои журналистон хатарнок босуръат зиёд мешавад. Баъд аз Покистон дар ҷои дувум Мексика номбар шудааст, ки дар ин ҷо дар соли гузашта 12 журналист ба ҳалокат расидаанд.Гуфта мешавад, тӯли соли ахир дар Гондурас 10 рӯзноманигор қурбон гашта, дар панҷ соли гузашта 472 журналист, дар кишварҳои Ироқ ва Филиппин кушта шудаанд.