Васоити ахбори оммаи кишвар, ки рӯ ба рӯ интихоботи президентии соли 2013 истодааст, ба мушкилоти тозае гирифтор хоҳад шуд.
Ин нуктаро Хуршеди Атовулло, раиси Медия Алянси Тоҷикистон зимини суханронӣ дар ҳамоише бахшида ба Рӯзи озодии баён дар Душанбе изҳор намуд. Номбурда ба интихоботҳои қаблӣ ва ҳаводиси Рашт ишора кард, ки баъди он болои расонаҳо фишор оварда шуд. Раиси Медия Алянс мушкилоти сангини бақайдгирии расонаҳо, набудани чопхонаҳои мустақил, ба дарозо кашидани қонун дар бораи ВАО-ро аз зумраи омилҳое унвон кард, ки дар рушди озодии баён монеа эҷод мекунанд: «Мушкилоти дигар ин, суду субозиҳо ва талаби маблағҳои гушношунид аз расонаҳо аст. «Шикор»-и чобхонаҳо аз ҷониби Кумитаи андоз ҳам мушкили аслӣ мебошад».
Нуриддин Қаршибоев, роҳбари Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) гуфт, имсол қазияи расонаҳо нисбат ба соли гузашта коҳиш ёфтааст. Вай афзуд, саҳми ВАО дар рушди озодии баён назаррас мебошад. Акабри Саттор, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон низ дар навбати худ иброз дошт, ки барои таъмини озодии баён 3 омил- ҷасорат, касбият ва риояи одоби ахлоқ лозим аст. Номбурда мегӯяд, тавассути ин 3 омил метавонем озодии баёнро таъмин созем.
Феълан, иштирокчиёни конфронс ба 4 гурӯҳ тақсим шуда, мавзӯъҳои мухталифро баррасӣ кардан доранд. Баъди ҷамбаст ва натиҷагирӣ аз кори гуруҳҳо маросими ҷоизасупорӣ ба беҳтарин рӯзноманигорон сурат мепазирад.