Тавофуқномаи ҳамкорӣ миёни Судҳои Конститутсионии Тоҷикистон ва Туркия зимни конфронси байналмилалӣ, ки зери унвони «Таҳкими нақши Судҳои Конститутсионӣ дар замони муосир» сурат пазируфт, тасвиб шуд.
Тавре ба Озодагон аз ВКХ хабар доданд, Тоҷикистонро дар ин конфронс ҳайати Суди Конститутсионии Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси он Маҳкам Маҳмудов намояндагӣ кард.
Бино ба иттилои манбаъ, тавофуқномаи зикршуда аз ҷониби раисони Судҳои Конститутсионии Тоҷикистон ва ҷумҳурии Туркия Маҳкам Маҳмудов ва Хошим Килич ба имзо расид.