«Барномаи миллии ҷилавгирӣ аз паҳншавии нашъамандӣ ва такмили ёрии наркологӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2013-2017» бо қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2012 тадбиқ шуд.
Тавре ба Озодагон аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон иттилоъ доданд, барномаи миллии пешгирии паҳншавии нашъамандӣ дар асоси Конститутсия ва дигар қонунҳо ба монанди «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ», «Дар бораи ёрии наркологӣ» ва Стратегияи миллии солимии аҳолии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020 таҳия гардидааст. Барномаи мазкур бо мақсади пешгирӣ, дарёфт, табобат ва барқарорсозии бемориҳои вобастагӣ аз маводи фаъолкунандаи рӯҳӣ, тақвияти истифодаи усулҳои муосири мониторинги даврӣ, таҳлил ва баҳодиҳии вазъ, ҷиҳати нигоҳдорӣ ва беҳтаргардонии саломатии аҳолӣ, паст намудани беморшавӣ ва фавт вобаста ба истеъмоли маводи нашъадор ва машруботӣ равона гардидааст.
Бино ба иттилои манбаъ, дар давоми солҳои охир нашъамандӣ ва майзадагӣ ба саломатии мардуми сайёра, аз ҷумла аҳолии Тоҷикистон таҳдиди ҷиддӣ пеш оварда, дар самти пешравии фарҳангии ҷамъият монеа эҷод намуда истодааст. Чораҳои андешидашуда оид ба мониторинг, таҳлил ва баҳодиҳии вазъ, аз ҷумла бартараф намудани ин падидаи номатлуб ба такмил ва таҷдид ниёз доранд. Дар айни замон, зарурати омӯзиши илман асосноки вазъ, гузаронидани таҳқиқоти иҷтимоӣ дар байни аҳолӣ барои муайян намудани сабабҳои паҳншавии ин зуҳурот ва андешидани чораҳои мушаххас ба миён омадааст.
Яке аз ҳадафҳои асосии Барномаи мазкур ташкили чорабиниҳо тавассути ҷалб намудани ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шахсони алоҳида дар ҳамкорӣ бо мақомоту ташкилоти давлатӣ ҷиҳати ба вуҷуд овардани муносибатҳои солими оилавӣ дар самти пешгирии ин намуди бемориҳо мебошад.