Зимни ин мулоқот ҳайати соҳибкорон ва тоҷирони покистонӣ таъкид карданд, ки мо омода ҳастем дар вусъат бахшидани лоиҳаҳои сармоягузорӣ аз ҷониби ширкатҳои бузурги Покистон дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла бунёди нерӯгоҳҳои барқиӣ -обӣ, коркарди алюминий, истеҳсоли пахта, ва коркарди минбаъдаи он кӯшиш ба харҷ диҳанд. Фаррух Ҳамралиев, аз намояндагони покистонӣ барои дастгирӣ ва ҳамкориҳои судманд дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди Тоҷикистон изҳори минатдорӣ намуд.