Кормандони ҳифзи ҳуқуқи пойтахт Бахтиёр Юлдошевро бо ҷурми қаллобӣ боздошт кардаанд.
Бино ба иттилои дафтари матбуотии Вазорати корҳои дохилӣ Умед Саидови 27 сола, сокини кӯчаи Н.Қаробоеви ноҳияи Шоҳмансур бо ирсоли ариза ба ВКД шикоят кардааст, ки аз 6-уми феврали соли равон Бахтиёр Юлдошев, сокини кӯчаи Исмоили Сомонӣ бо роҳи фиреб ба боварияш даромада, аз ӯ автомашинаи тамғаи «Порше-Каин»-ро ба маблағи 60 000 доллари амрикоӣ савдо карда гирифта, ваъда додааст, ки пулашро баъд аз як ҳафта оварда медиҳад, аммо бо ҳамин ғайб задааст.
Бино ба иттилои манбаъ, номбурда қаблан доғи судӣ дошта, бо моддаи 247 кодексӣ ҷиноӣ Тоҷикистон аз озоди маҳрум гаштааст.
Бар асоси аризаи мазкур Бахтиёр Юлдошевро кормандони милиса дастгир кардаанд. Феълан, нисбати ин қазия парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.