Пас аз чанд лаҳзае, ки президенти Амрико Барак Обама Афғонистонро тарк кард, дар Кобул таркиши ногаҳонӣ рух дод.
Мақсади террористи худкуш тарконидани меҳмонхонае будааст, ки дар он хориҷиҳо сукунат доштаанд, хабар медиҳад агентии иттилоотии «France-Presse». Аз рӯи хабари расонаҳои дигари хориҷӣ дар Кобул 3 таркиш рух дода, дар як гӯшаи шаҳр тирпарронӣ ҳам ба вуқуъ пайвастааст. Тибқи иттилои пешакӣ 2 нафар бар асари ин таркиш ҳалок шудаанд, ки яке муҳофизи меҳмонхона ва дигаре роҳгузар будааст ва ташкили инфиҷорро гурӯҳи Толибон ба ӯхда гирифтааст.
Ёдовар мешавем, ки президенти Амрико ба Афғонистон бо сафари ғайриинтизор ташриф оварда буд ва ҳангоми бастани созишномаи шароити баъдиҷангӣ дар Афғонистон эълон дошт, «даврони ҷанг дар ин кишвар ба поён мерасад ва шикасти террористон наздик аст». Дар ҳоле, ки баъди чанд лаҳзаи рафтанаш Толибон даст ба инфиҷор заданд.