Рӯзи кӯдаконро дар «Маркази Миллӣ – тавонбахшӣ барои кӯдакон ва наврасони «Чорбоғ» ҷашн гирифтанд.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират иттилоъ доданд, дар чорабинии мазкур раиси ноҳияи Варзоб ва намояндагони вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иштирок доштанд. Зимни ифтитоҳ директори муассисаи «Чорбоғ» Мавлуда Шамсуллоева, меҳмонон ва иштирокчиёни ҷамъомадро ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон табрик намуд. Дар ҷашни Рӯзи байналмилалии кӯдакон сарояндаи маҳбуб Шаҳроми Абубакр ва дигар санъаткорон бо рақсу таронаҳои дилангез қалби ҳозиринро шод намуданд.
Ёдрас менамоем, марказӣ Миллии тавонбахшӣ барои кӯдакон ва наврасони «Чорбоғ» моҳи октябри соли 1996 таъсис ёфтааст. Муассиса барои 240 нафар кӯдакони маъюб барои будубоши доимӣ пешбинӣ карда шудааст. Дар айни замон дар муссиса 200 тарбиягиранда ба сар мебарад. Ҳамчунин, аз аввали соли 2010 -ум бахши ҳафтуми табобати тавонбахшӣ оғоз гардид, ки дар бастҳо кӯдакон табобат гирифта, модарон бозомӯзӣ карда мешаванд.