Дар Душанбе воқеияти озодии баён ва сарнавишти ВАО-и мустақил баррасӣ мешавад
«Озодии баён: воқеият ва сарнавишти ВАО-и мустақил дар Тоҷикистон». Таҳти ҳамин унвон 3 майи соли равон дар толори маҷлисгоҳи меҳмонхонаи «Пойтахт» конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад.
Тавре ба Озодагон аз Шӯрои ВАО-и кишвар хабар доданд, дар ҳамоиш дар чор бахш масоили вобаста ба декриминализатсияи тӯҳмату таҳқир ва масоили вобаста ба лоиҳаи қонуни нави Тоҷикистон «Дар бораи ВАО», тақдири ташкилотҳои ғайриҳукуматии электронӣ ба ҳангоми гузариш ба пахши рақамӣ, ахлоқ ҳамчун унсури асосии масъулияти ВАО-и озод ва маҳаллӣ ва саҳми ТИК дар рушди ВАО-и мустақил баррасӣ мешавад. Баъдан, дар ҷаласаи умумӣ (ниҳоӣ) натоиҷи он ба маъраз гузошта шуда, тавсияҳои мушаххас оид ба беҳбудии вазъи озодии баён дар Тоҷикистон таҳия мегардад.
«Ба додгоҳ кашида шудани нашрияҳои мустақили «Азия плюс», «Фараж», «Озодагон», «Миллат», «Пайкон» барои нашри матолиби танқидӣ, таъқиб ва ҳабси журналистон Маҳмадюсуф Исмоилов, Урунбой Усмонов барои фаъолияти касбӣ, то кунун ҳаллу фасл наёфтани масъалаи декриминализатсияи таҳқир ва тӯҳмат, созмонҳои журналистиро нигарон сохтааст. Ҳамчунин, аз мадди назар дур мондани тақдири ташкилотҳои мустақили телевизионӣ ва радиоӣ ҳангоми гузариш ба пахши рақамӣ, сол то сол ба гоҳнома табдил ёфтани нашрияҳои маҳаллӣ, масдуд сохтани дастрасии истифодабарандагон ба шабакаи интернет, аз ҷумла сомонаҳои интернетии хабарӣ боиси он мегардад, ки дастрасии мардум ба воситаҳои мустақил ва алтернативии ахбор душвортар мегардад»,-афзуд манбаъ.
Конфронси мазкур бо ташаббуси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон ва мусоидати молии Институти Ҷомеаи кушода-Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ва Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо доир мегардад.