Дар пайи тахриби як кишти дар иёлаи Ассами Ҳиндустон 105 нафар ба ҳалокат расида, наздики 100 каси дигар беному нишонанд.
Пулис гуфтааст, наҷотбахшон ва одамони рустоҳои назди соҳили Брахмапутр ҷасади 105 нафарро пайдо кардаанд.
Тибқи хабарҳои охирин, дар дохили киштӣ 350 нафар қарор доштааст. Киштӣ дар наздикии шаҳри Дхубри ба садама дучор шудааст. Гуфта мешавад, эҳтимол ҳавои номусоид сабаби суқути он шудааст.