Тайи 5 соли ахир ба Тоҷикистон беш аз 274 ҳазор мошин ворид шудааст. Бештари ин воситаҳои нақлиёт аз Русия ва Дубай оварда шудаанд.
Аз Хадамоти гумруки кишвар ба Озодагон иттилоъ доданд, ки шумораи зиёди мошинҳо дар панҷ соли сипаришуда ба соли 2008 рост меояд: «Соли 2008-ум ба қаламрави Тоҷикистон 95 ҳазор мошин ворид шудааст. Соли 2007- 70 ҳазор, соли 2009- 38 ҳазор, соли 2010- 37 ҳазор ва соли 2011ҳамагӣ 34 ҳазор».
Манбаъ мегӯяд, иттилоъ дар бораи теъдоди мошинҳои воридшуда дар соли 2012 айни ҳол рӯи даст нест. Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои бархе расонаҳо воридоти мошин ба Тоҷикистон дар соли равон 306,7% афзоиш ёфтааст.