Бар асари як садама дар Екатеринбурги Русия як шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расида, як тани дигар ҷароҳат бардоштааст.
Тибқи иттилои намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ду муҳоҷири тоҷик аз ошёнаи 15-уми як бино сарозер шудаанд. Дар натиҷа Бахтовар Ёров, сокини ноҳияи Қубодиён дар ҷои ҳодиса мефавтад. Нусратулло Мирзоев, сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ пошад, пояш шикастааст ва ҳоло дар бемористон қарор дорад.
Муҳоҷирин тоҷик, ки дар ширкати ООО «Виктория Инвест-строй» кор мекардаанд, бинобар беэҳтиётӣ аз ошёнаи 15-ум афтидаанд. Тавре намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Маскав мегӯяд, бо сарвари ин ширкат Михаил Майригин бо мақсади муайян намудани миқдор ва тартиби пардохти кӯмакпулиҳо ба наздикони Бахтовар Ёрови фавтида ва Нусратулло Мирзоеви ҷароҳатдида гуфтушунид анҷом додаанд.