Клайв Палмер, миллиардере аз Австалия сохтмони киштии «Титаник-2»- ро маблағгузорӣ намудааст. Гуфта мешавад, киштии мазкур дақиқан ба Титаники ғарқшуда монанд буда, тамоми таҷҳизоти он низ нусхаи «Титаник»-и пешина хоҳад буд.
Ин киштӣ эҳтимол дорад соли 2016 ба об андохта шавад.
Бино ба навиштаи расонаҳо сохтмони «Титаник-2» соли оянда шурӯъ шуда, онро ширкати чиноии CSC Jinling Shipyard месозад.
Ҳамчунин барои сохтани таҷҳизоту лавозимоти киштӣ таърихшиносон низ ҷалб хоҳанд шуд.
Худи Клайв Палмер гуфтааст, ҳаҷми киштӣ пурра ба «Титаник»- и пешина мувофиқат карда, танҳо ба қисмати муҳаррик ва алоқаи он таҷҳизоти ба асри 21 мувофиқ насб мешавад.
Аввалин хатсайри «Титаник-2» аз Шанхай ба Лондон зери роҳбаладии киштиҳои Нерӯҳои баҳрии Чин буда, баъдан ба Ню-Йорк сафар хоҳад кард.