Аз 100 миллион доллари ҷудошуда барои бунёди корхонаи муштараки тоҷикиву чинии «Хуаксин Ғаюр семент» дар ноҳияи Ёвон, 10 миллион доллари он харҷ шудааст.
Тавре аз Вазорати энергетика ва саноат ба Озодагон иттилоъ доданд, сохтмони ин корхона моҳи сентябри соли гузашта оғоз шуда, иқтидори солонааш 1 миллион тонна сементро ташкил медиҳад.«То имрӯз асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ анҷом дода шуда, айни замон 25 нафар мутахассиси хитойӣ ва 110 коргари маҳаллӣ ба корҳои омодагӣ ва тахту ҳамворкунӣ машғуланд»,-афзуд манбаъ.
Сарчашмаи хабар мегӯяд, баъди сохта ба истифода додани корхонаи мазкур, зиёда аз 1000 нафар бо ҷойи кор таъмин шуда, бозори дохилӣ бо сементи хушсифати ватанӣ таъмин мегардад. Ҳамчунин, як қисми он ба хориҷи кишвар содирот хоҳад шуд.
.