Риоят накардани қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ дар шимоли кишвар сабаби марги ноболиғ шуд.
Тавре ба Озодагон аз РКД-и вилояти Суғд иттилоъ доданд, Абдуҳалим Ҷалилов, ронандаи автомашинаи тамғаи «Газел», сокини ҷамоати Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки дар хатсайри «Ғафуров-Панҷшанбе» фаъолият мекардааст, ҳангоми ҳаракат аз тарафи кӯчаи Авезов ба ҷониби ҷамоати Унҷӣ қоидаҳои ҳаракати роҳро риоя накарда пиёдагарди хурдсол Абдураҳмон Ашурови панҷсола, сокини кӯчаи Гулистонро пахш мекунад. Дар натиҷа Абдураҳмони хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.