Қисмати охир. "Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ", ки ҷилди нахустини он чанде пеш ба дасти хонандагон расид, мутаассифона, гувоҳи пасрафти фарҳангнигорӣ дар солҳои охир дар Тоҷикистон мебошад. Ин фарҳанг ҳам чун фарҳанги қаблии тафсирӣ, ки низ маҳсули илмии кормандони ҳамин Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ буда ва боиси интиқодҳои шадид гардид, балки бештар аз он анборе пур аз ғалату хатост.
ГӮСОЛАИ ШУДАНӢ АЗ ПОЯШ МАЪЛУМ
Андар номҳои ғалатҲар кӣ ҳавсала бикунад ва муқаддима, ба вежа қисмати "Рӯйхати муаллифон ва асарҳои асосии истифодашуда"-ро бихонад, худ хоҳад фаҳмид, ки чи китоберо пеши рӯ дорад. Номҳо ғалат, интисоби асарҳо ғалат, ҷумлаҳо ғалат. Чунончи:
Дар феҳристи адабиёт
"Зоғҳои бадмур"-и Ҷ. Икромиро дар шумули осори Раҳим Ҷалил овардаанд.
Заҳирии Самарқандиро дар феҳристи адабиёт ба гунаи Зуҳайрии Самарқандӣ ва ҷойе ба шакли Заҳири Самарқандӣ овардаанд.
Абулмаҷд Саноии Ғазнавиро ба гунаи Абулмаҷид Санои Ғазнавӣ сабт кардаанд.
Вазир ва шоири замони Сомониён Абутаййиби Мисъабиро Абутолиби Мусаабӣ (с. 381) навиштаанд.
Мударрис Разавиро Разовӣ овардаанд, Абдулваҳҳоби Қазвиниро Қазвонӣ, "Ҳумо ва Ҳумоюн"-и Хоҷуро "Ҳумои Ҳумоюн".
Таърихи Бухоро, таълифшуда дар асари Х муъаррафӣ шуда, вале чун кор бо шоҳиди забонӣ аст, тарҷумаи онро, ки дар асри Х11 таҳрир шудааст, бояд нишон дод.
Ҷойе
Ҳуҷҷат - унвони ифтихорӣ ва тахаллуси Носири Хусравро чун калимаи одӣ бо ҳарфи хурд навиштаанд. Оғоҷии Бухороиро ҳам ба гунаи бухороӣ овардаанд.
Ҷойе
Сайфи Исфарангиро ба Исфаҳонӣ бадал кардаанд (175).
Дар ду маврид Азро - аз достони Вомиқу Азроро ба сурати Узро, Тарконхотунро ба пайравӣ аз хатои омм ба гунаи Турконхотун оварда, исми хоси Арғун ва номи шоир Котибиро бо ҳарфи хурд навиштаанд.
Гоҳе як номро ба суратҳои гуногун овардаанд. Авасто дар як шоҳид андаруни нохунак ва дар шоҳиди дигар бидуни нохунак аст, ҷое бо ҳарфи бузург ва ҷойе бо ҳарфи хурд сабт шудааст.
МӮЗАДӮЗИ МӮЗАДАРИДА
Андар имлои ғалати вожаҳо ва ҷумлаҳои подарҳавоЛуғати тафсирӣ бояд моҳи беайб бошад. Ин китобро бояст ҳама ҷумлаҳояш равшану фаҳмо ва ҳама калимоташ дурусту саҳеҳ сабт бишаванд, чун луғати тафсирӣ дастур аст ва раҳнамоии дастур бояд сода ва рост бошад. Ва ин аст, ки ҳар ҷумлае, ки хоҳ барои тафсири калимае навишта мешавад ва хоҳ барои шоҳид аз дигарон интихоб мешавад, бояд аз ҳар ҷиҳат солим ва дуруст ва саҳеҳ бошад. Вагарна муаллифи фарҳанги тафсирӣ мӯзадӯзеро мемонад, ки худ бо мӯзаи дарида мегардад ва ё саҳеҳтар аст бигӯем, чун дандонпизишке хоҳад буд, ки дандонеро дармон мебахшад, вале ду дандони канори онро хароб мекунад. Муаллифони ин фарҳанг, мутаассифона, ба чунин дандонпизишк мемонанд. Ҷумлаҳои хароби бемантиқ ва ё хилофи меъёрҳои забони тоҷикӣ ва дур аз фасоҳату балоғат аз муқаддима шуруъ мешаванд. Ба ҷумлаҳои зайл таваҷҷуҳ фармоед:
"Забони мо наслҳои гузаштаву имрӯзиро ҳамчун кохи бегазанди ганҷинаи сухани ноб пайванд дода, дар худшиносӣ ва худогоҳии миллии мардуми тоҷик нақши бунёдӣ дорад"
"Ганҷинаи кохи баланду бегазанди сухан ва вожагони забони тоҷикӣ шумораи зиёди фарҳангу луғатномаҳои умумӣ ва тафсирии забон мебошад, ки теъдоди то ба ҳол маълумро донишмандон аз 200 то 250 китоб донистаанд" (с. 5)
Ва акнун чанд мисол аз тафсирҳои бесарунӯг ва ҷумлаҳои шоҳид:
"Номи гиёҳест хушбӯй, ки шутурро барои фарбеҳ шудан ва шираш (?) хӯронанд" (с. 49)
"Яъне таъсиррасонӣ бо сухан, ки вазифаи публисистика аст, дар абзорҳои давлатдории тоҷикон ҳам дар қадим будааст" (с. 51).
"Мухтор, аз афташ боз ба нақши актёр даромад" (с. 245)
"Радио аввало ҳамчун воситаи алоқаи ҳавоӣ ва ба масофа сигналдиҳӣ ихтироъ карда, ба кор бурда шуд" (с. 317)
"Дар ду деҳот амбулаторияҳои нав сохта марказҳои саломатӣ рӯзҳои наздик ба кор медароянд" (с. 339)
"Амволи фонд дар мақомоти расмии давлате, ки дар он қароргоҳи фонд ҷойгир аст, ҳар сол ба табъ расонида мешавад" (с. 340)
"ӯ мӯйлаби дамида истодаашро калонона ба пушти ангушт молида монд" (с. 420)
"Афсонаро ба ҳақиқат табдил додан корҳои бузурги дар орзуҳо бударо амалӣ кардан" (с. 697)
Калимаҳои зиёде ҳам дар шарҳ ва ҳам дар шоҳидҳо нодуруст навишта шудаанд:
"ҳеч" дар бештари маворид "ҳеҷ" омада,
"гунҷоиш" ва вожаҳои дигари аз ин реша ба сурати "ғунҷоиш", "ғунҷидан" сабт гардидаанд,
"буногӯш" ҳама ҷо ба гунаи "баногӯш" аст,
"туруш"-ро "турш",
"гӯштӣ"-ро
гӯштин,
"атфол"-ро "атвол",
"сурфидан"-ро "сулфидан"
"мунодӣ"-ро "мунодо"
"дастархон"-ро
"дастурхон" навиштаанд. Дар ду маврид ба ҷойи
"оқо", ки хитоби эҳтиромӣ ба мард, яъне ҷаноб аст, "оғо" овардаанд, ки занони баландмақоми муғулу турк ва хоҷасароёнро мегуфтаанд. Дар хеле мавридҳо дар ҷойҳое, ки лозим нест вергул ва низ аломати суолу баён гузоштаанд ва баръакс гузоштани вергул ва дигар аломатҳои китобатро дар ҷойҳое, ки лозим аст, фаромӯш кардаанд; гоҳе барои шарҳи калимаву таркибҳо худ калимаву таркибе сохтаанд, ки ё хатост ва ё дур аз фасоҳат, чунонки шакандешон ва аҷзи оҷизӣ.
Ғалат, таҳриф, тасҳиф, имлои нодурусти калимаҳо ва ҷумлаҳои подарҳавои номафҳум, ки қисме аз онҳоро дар боло баршумурдем, худ далолат бар он мекунад, ки
"Фарҳанги мукаммал…." аз ин лиҳоз ҳанӯз аз "мукаммалӣ" ҳазорон фарсах дур аст. Пас шояд онро ба далели ҳаҷман бузург буданаш
"мукаммал" хонда бошанд?! Дар воқеъ то кунун дар забони форсӣ (тоҷикӣ) фарҳанге, ки як ҷилдаш танҳо шомили як ҳарф бошад, вуҷуд надорад! Ҳатто Луғатномаи Деҳхудо аз ин назар ба остонаи
"Фарҳанги мукаммал…."-и муаллифони мо наздик намерасад! Пас табрикашон бигӯем?! Афсус!
МУШК ОН АСТ, КИ ХУД БИБӯЯД
Андар сабаби ғафсӣ ва вазнинии фарҳангДуҷилдаи "Фарҳанги забони тоҷикӣ" (соли 1969) шомили тақрибан 45 ҳазор калима ва ибора аст, ки ба ҳисоби миёна ба ҳар ҷилд ( 950 - 940 саҳифа) 22500 калимаву ибора рост меояд. Аммо ҷилди аввали "Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ" (830 саҳифа) иборат аз 12 ҳазор калимаву ибора аст. Аммо гумон наравад, ки муаллифон калимотро муфассал ва зикри ҳама маъноҳояш шарҳу тафсир додаанд ва ин амр боиси калон шудани китобашон шудааст! Не, албатта, вазнинӣ ва ғафсии "Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ" асосан бо чанд роҳи ғайримашруъ ба вуҷуд омадааст:
Аввал, аз ҳисоби бо ҳарфҳои нисбат ба фарҳангҳои пешин бузургтар чоп кардан ва фосилаҳои калонтар гузоштан дар байни моддаҳои луғавӣ.
Дигар, бо овардани шоҳидҳои зиёд, ки дар бештар маворид нолозиманд. Муаллифон барои воҳидҳои луғавии роиҷ ва оммафаҳм мисолҳои хеле зиёд овардаанд. Чунончи, АБЛАҲ - 10 шоҳид, АЛҲАҚ - 8 шоҳид, АЛЪАМОН - 8 шоҳид, АНБОР - барои шарҳи маънои аслӣ, ки ҳама мефаҳманд - 8 шоҳид, вале ба маънои "хасу хошок ва саргини ҳайвоноту ахлот ва ғайра, ки дар як ҷо тӯда карда бошанд ва ҳамчун пору дар майдони кишт истифода кунанд", ки барои бисёр касон нав аст, шоҳиде нест, АНБӯҲ - 6 шоҳид, 4 шоҳид барои АНГАБИН ва 5 шоҳид барои АНГУБИН, АНГУШТ - 7 шоҳид, АНДАР - маънои аввал:
дар - 7 шоҳид, маънои дувум:
ба, бар - 7 шоҳид, АНДАРУН - 8 шоҳид, АНДЕША - маънои аввал - 8 шоҳид, АНДЕШИДАН (маънои аввал) - 9 шоҳид, АРАҚ- 10 шоҳид, АРВОҲ- ҷ. руҳ. - 7 шоҳид, АСАР ба маънои таъсир, натиҷаи
асари чизе - 10 шоҳид, АСАР ДОШТАН - 8 шоҳид, АСАР КАРДАН - 10 шоҳид, АСИР - 7 шоҳид, АТРОФ - 7 шоҳид, АФГОР - маънои дувум - 10 шоҳид, АХГАР - 9 шоҳид, АҲДУ ПАЙМОН КАРДАН - 12 шоҳид, АҲД КАРДАН - 7 шоҳид, АҲД БАСТАН - 8 шоҳид, АҶОИБ - 13 шоҳид.
Севум, аз роҳи ба унвони моддаи луғавӣ овардан ва шарҳ додани таркибҳо ва ибораҳо ва ё ҳатто ҷумлаҳои нолозим ва ё комилан мафҳуме, ки ҷояшон фарҳанги тафсирӣ нест. Масалан вожаи
адрас дар фарҳанг шарҳ дода шудааст ва
"кӯрпа"-ву "дастархон"-у "ҷома" низ шарҳ хоҳанд шуд ва чун шарҳи онҳо оварда мешавад ва мафҳум мегардад, ҳеч ҳоҷат барои овардану шарҳ додани дастархони адрас, кӯрпачаи адрас, ҷомаи адрас, адрас пӯшидан боқӣ намемонад. Аммо муаллифон овардаанд ва шарҳ додаанд ва шоҳид ҳам овардаанд. Ҳамин эҳсоси калонтару ғафстар кардани китоб будааст, ки фарҳанг ба анбори чунин таркибу ибораҳои бениёз аз шарҳ табдил шудааст. Чандеро ба унвони намуна бармешуморем:
ресмони абрешимӣ, ҷомаи абрешимӣ, нимкуртаи абрешимӣ, ду абрӯ, духтари абрӯсиёҳ, марди абрӯсиёҳ, дузду авбош, аз дасти авбошҳо раҳоӣ ёфтан, вохӯрии аввалин, зарбаи аввалин, ишқи аввалин, муаллими аввалин, аввалин бор, мурдан авлост, мурдан авлотар, бар зидди адӯ, акаю хоҳар, масъалаи актуалӣ, вазифаҳои актуалӣ, ақиб рафтан, ба ақиб нигоҳ кардан, ақиб мондан, ақида доштан, ақидаҳои гуногун, ақидаи муқобил, ба ақидаи…, амири буздил (аҷиб, ки ба зеҳнашон нарасида, ки идома бидиҳанд:
афсари буздил, аскари буздил, акаи буздил, аммаи буздил, амаки буздил…. ), сарбозони амир, макони амнияту осоиш, ақвоми араб, лашкаргоҳи араб, аробаи дучарха, аробачаи дучарха, асном шикастан, парастиши асном, асо гирифтан, асо гум кардан ва ғайра ва ҳоказо.
Азбаски ин ибораҳо худ худро шарҳ медиҳанд, муаллифон бо калимаҳои дигаре ба ном шарҳу маънидоде барои онҳо овардаанд. Таваҷҷуҳ кунед:
"азотбарорӣ баровардан ва истеҳсоли азот;
дастгоҳи нурии азотбарорӣ баровардан ва истеҳсоли азот;
акаю хоҳар бародари калониву хоҳар;
лашкаргоҳи араб маҳали ҷойгирии сипоҳи араб;
муаллими аввалин устоди нахустин (ин ҷо метавон ҳадс зад, ки дар яке аз ҷилдҳои баъдӣ устоди нахустинро сабт хоҳанд кард ва дар шарҳаш меоваранд: муаллими аввалин);
қасди асир кардан ба бандиён қасди озор кардан;
ба сарвақти асирон расидан саривақт ба кӯмаку ёрии бандиён расидан;
адл он бувад, ки ноқис фидои комил бувад барои нигаҳдории чизи умда чизи ғайриумдаро аз даст додан адолат аст;
дар озарми шоҳ пажуҳиш афтодан киноя аз қасд ва ҷустуҷӯ барои ба хорӣ андохтан ва қатл кардани шоҳ.
Таркиби охир сохтаи муаллифони фарҳанг аст, ки ҷумлаи сода ва равшани Низомиро ба чунин шакли ғариб ва номафҳум дароварда, баъдан онро шарҳ додаанд. Байти Низомӣ ин аст:
Парокандагӣ дар сипоҳ уфтод,
Пажуҳиш дар озарми шоҳ уфтод.Ин ки шарҳи муаллифони фарҳанг дуруст аст ё не, бояд достони Низомиро мурур кард, вале ин таркиб ба ин сурат маҳсули қалами шоирест, ки танҳо барои ҳамин маврид эҷод кардааст ва набояст дар фарҳанги тафсирии умумӣ шарҳу тафсир шавад.
Аммо ин амр, яъне овардани калимаву таркибҳои вежаи шоирон, ки гоҳе дар таҷрибаҳои эҷодӣ ба кор гирифтаанд ва гоҳи дигар ҳам ба ҳазлу мазоҳ корбурд шудааст, низ аз василаест, ки муаллифони фарҳанг ба хотири ба таври маснуъӣ афзудани ҳаҷми фарҳангашон пеш гирифтаанд.
Масалан,
"асалидан", "асаридан", "аланидан", ки Абдулқодирхоҷаи Савдо худ сохта ва боре дар шеъри ҳаҷвиаш истифода кардааст ва муаллифон низ дар фарҳангашон ҷой додаанд. Ва аз байти шоҳид, ки барои ин вожаҳо овардаанд, метавон интизор буд, ки дар ҷилдҳои баъдӣ
"нишалидан", "мурабидан", "ҳалавидан" "ҷунунонидан"-ро низ хоҳем хонд. Муаллифони забоншинос ҳеч наандешидаанд, ки калимаҳои фавқ ҳама мухолиф бо меъёрҳои вожасозии забони мо бофта шудаанд ва ба ин далел бояд истифодаашон низ мунҳасир дар ҳамин шеъри Савдо бимонад.
Аз навоқис ва ағлоти "Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ" боз бисёр метавон навишту навишт. Вале ба ин қадар иктифо шуд, агар дар хона кас аст, ин қадар бас аст!
Қодири РУСТАМ