Намуди аввали лоиҳаи «Созишномаи байни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати давлати Қатар оид ба ҷалби муташаккилона ва истифодаи муҳоҷирони меҳнатӣ» зимни боздиди дурӯзаи ҳайати баландпояи Қатар аз Тоҷикистон қабул гардид.
Анвар Бобоев, муовини аввали сардори Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ба хабаргузории Озодагон иттилоъ дод, ки баъди аз сӯи ниҳодҳои дахлдори кишвар пурра ба мувофиқа расидан, муҳоҷирони меҳнатии тоҷик расман метавонанд ба давлати Қатар рафта, кору фаъолият намоянд. Сарчашмаи хабар ҳамчунин гуфт, ба ҷуз аз таъмини шаҳрвандони Тоҷикистон бо кор, ҷониби Қатар ҳамчунин хоҳишманди ҳамкорӣ дар самтҳои дигар низ ҳаст. «Масалан, мехоҳанд, ки аз Тоҷикистон меваю сабзавотро ба Қатар содирот намоянд»,-афзуд манбаъ.
Ёдовар мешавем, ҳайати баландпояи Қатар рӯзи 26-уми апрел вориди Душанбе шуд ва имрӯз ба ватани худ бармегардад.
.