Қатъи фаъолияти телевизиони К+ дар Тоҷикистон
Шурӯъ аз якуми июн барномаҳои телевизиони К+ дар Тоҷикистон муваққатан қатъ гардиданд. Ин шабакаи телевизионӣ, ки дар Қазоқистон бо исми «Стан Тв» маъруф аст, се сол боз дар Тоҷикистон барномаҳои худро тариқи моҳвора пахш мекард.
Тибқи иттилои расида аз масъулини дафтари душанбегии ин канали телевизионӣ пружа ва ё худ тарҳи фаъолияти ин шабака дар Тоҷикистон ба поён расида, сокинони Қирғизистон ва Қазоқистон роҳат аз он истифода хоҳанд кард. Маврид ба ёдоварист, намояндагииТВ "К+" дар Тоҷикистон 14 нафар корманд дошт, ки аз онҳо 6 нафар хабарнигор, 4 нафар муҳаррир ва 4 нафар коргардон буданд. Бархе аз ин хабарнигорон аз шаҳри Хуҷанд ва боқӣ аз Душанбе барои ин телевизион гузоришҳо омода мекарданд. Масъулини дафтари душанбегии телевизиони мазкур мегӯянд, қатъи фаъолияти ин шабака ҳеч гуна ангезаи сиёсӣ надорад. Фаъолияти дафтари намояндагии "Стан ТВ" дар Тоҷикистон аз соли 2008 шурӯъ шуда, ҳудуди се соли ахир дар бозори иттилоотии кишвар ҷойгоҳи хосеро барои худ касб карда буд.