Кумитаи омори ИДМ маоши камтаринро дар Тоҷикистон ба қайд гирифтааст
Тоҷикистон аз рӯи ҳаҷми маоши миёна дар байни 9 кишвари Иттиҳоди давлатҳои мустақил дар ҷои охир қарор гирифтааст.
Дар ин бора Кумитаи омори ИДМ иттилоъ медиҳад.
Бино ба хабари манбаъ, дар ҳудуди созмон маоши миёнаи баландтарин дар моҳи январи соли ҷорӣ дар Русия- 23,8 ҳазор рубли русӣ, муодили 801 доллари амрикоӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар зинаи дуюм Қазоқистон қарор дорад, ки моҳи январ маоши миёнааш 92,2 ҳазор тенге ё 625 доллари амрикоӣ будааст. Сегонаи пешсаф бо Озарбойҷон хотима меёбад. Дар ин кишвар ҳаҷми миёнаи маош ба 368 манат ё 469 доллар баробар аст.
Маоши миёна дар Белорусия 360 доллар, пасон Украина 339 доллар, Арманистон 286 доллар ва Молдова 268 долларро ташкил медодааст. Дар Қирғизистон ин нишондод ба 208 долларва дар Тоҷикистон ба 110 доллари амрикоӣ баробар аст. Кумитаи омори ИДМ маълумотро оид ба ҳаҷми маош дар Ӯзбекистону Туркманистон пешниҳод накардааст.