Хотираи талхи солҳои 90-ум мардумро аз бонкҳо мегурезонад
Сабаби асосии нобоварии мардуми Тоҷикистон ба бонкҳо хотираи талхи солҳои 90-ум аст, ки дар натиҷаи тағирот дар низоми бонкӣ бисёр шаҳрвандон маблағҳои ҳангуфтро аз даст доданд. Ҳоло одамон автолат медонанд, ки маблағҳои озоди худро дар хона нигоҳ доранд.
Ин нуқтаро дар сӯҳбат бо хабарнигори Озодагон Абдулвосеъ Ҳакимов, сардори Хазинаи суғуртаи пасандози шахсони воқеии Тоҷикистон изҳор дошт.
Ҳаҷми маблағи озод, ки айни ҳол дар дасти мардум «хоб» аст, ба иттилои вакилони блоки иқтисодии парлумони Тоҷикистон ҳудуди 4 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Исмоил Талбаков, вакили парлумони Тоҷикистон мегӯяд ин миқор маблағ аз гардиш берун ва мувофиқан самаранокии он дар иқтисодиёт ночиз аст.
Талбаков мегӯяд, бо роҳи ташкили иттифоқҳои қарзӣ метавон миллиардҳои мардумро ба гардиш даровард. Вай фарқияту бартарияти иттифоқҳои қарзиро аз бонку ташкилотҳои қарзӣ дар он медонад, ки иттифоқҳои қарзӣ бо маблағи худи шаҳрвандон ташкил мешаванд: «Фарз кардем дар як қишлоқ 200 хоҷагӣ зиндагӣ мекунанд. 60-70 - тояшон маблағҳои озодашонро ҷамъ намуда, иттифоқи қарзӣ ташкил менамоянд ва бо фоизҳои нисбатан паст онро ба ниёзмандон қарз медиҳанд. Дар натиҷа маблағ ба гардиш даромада, дар тиҷорату истеҳсолот истифода мегардад, ки самаранокии онро дучанд мекунад».
Дар Тоҷикистон айни ҳол лоиҳаи қонун дар бораи иттифоқҳои қарзӣ таҳия шуда, ба баррасии парлумон пешниҳод шудаст. Коршиносон мегӯянд баъди қабули қонун, дар кишвар замина барои ташкилу рушди иттифоқҳои қарзӣ пайдо мешавад.