Тақрибан ҳафт моҳ пеш, баъди кушта шудани Бурҳониддин Раббонӣ, роҳбари Шӯрои олии сулҳи Афғонистон гурӯҳи корӣ оид ба раванди оташбас кори худро қатъ карда буд. Моҳи сипаришуда, зимни мулоқоти дипломатҳо дар шаҳри Душанбе фаъолияти гурӯмазкур барқарор гардид. Дар ҷаласаи имрӯз қарор аст, дар баробари баррасии мавзӯъҳои оташбас ва ба ҳаёти мулкӣ баргардонидани ошубгарони таслимшуда, ҳамчунин мубориза бо қоҷоқи маводи мухаддир ва баргардонидани фирориёни афғон ба ватан муҳокима шавад.