Ҳукумат ҳама вақт аз мардум аст ва мардум бояд ба ҳукумати хеш наздиктар гарданд ва бо ташаббусҳои хеш онро ҳарчи бештар мардумитар гардонанд.
Табиати ҳукумат чунин аст, ки агар чун президенти мо як шахсияти ҳақиқатан аз байни халқ баромада сарвари он набошад, худ аз худ аз мардум дур шуда мардумро зери фишор мегирад. Яъне, чун давлати халқии замони шуравӣ эҳтимоли аз халқ дур шудани фарз кардем ҳизби ҳоким ё ҳукумат аз воқеият дур нест. Барои ин бояд механизмҳое бошанд, ки пеши ин бегонашавиро бигиранд.
Хушбахтона президенти кишвари мо ин раванди манфиро доиммо ба таври муназзам кам карда ҳукуматро маҷбур менамояд, ки фақат дар хидмати мардум бошад. Аз ин сабаб хислати мардумӣ доштани худи президенти кишвар наздикии мардумро бо хукумат нигоҳ медорад. Худи мардум низ масъулияти давлатдорӣ ва ҳукуматдориро бояд дошта бошанд. Аз ҳукумат худро набояд дур гирифт, балки ба таври фаъол онро аз худ намудан даркор то моҳияти мардумии он равшантар зоҳир гардад. Мансабдорон меоянду мераванд, вале сохторе бо номи ҳукумат ҳама вақт чун муҳофизи манфиатҳои миллӣ боқӣ хоҳад монд.
Мардумӣ шудан ва будани ҳукумат аз ҳар яки мо вобаста аст, на аз худи ҳукумат. Мардум ҳар қадар аз ҷиҳати сиёсӣ фаъол бошад, созанда бошаду фарҳанги сиёсии мардум ҳар қадар баланд бошад, ҳукумат ҳамон қадар самараноктар хидмати мардумро хоҳад кард. Яъне Ҳукумат моли мардум, давоми мардум аст ва онҳоро набояд ба ҳам муқобил гузошт. Дар ин кор як механизми назорати оппозитсия мебошад, ки вазифааш назорат кардан аз болои фаъолияти ҳукумат ва сохторҳои давлатӣ аст. Яъне, зарурати мавҷуд будани оппозитсияи сиёсиро низ набояд инкор кард. Танҳо бояд тавре кор кард, ки онҳо сухани танқидӣ наёфта аз ҳукумати худ ифтихор кунанд. Ин кор албатта осон нест. Вале чи бояд кард, ки талаботи шароити демократӣ аст.
Идомаи андешаҳои Сайфулло Сафаров, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистонро дар бахши Сӯҳбати рӯз бо нохун задан рӯи ин хат мутолиа намоед: https://www.ozodagon.com/sr/item/16374