Амрикоиҳо бо баргхӯракҳои гандуми Ҳисор мубориза мебаранд
Қарор аст, тобистони соли равон гурӯҳи олимони амрикоӣ аз иёлоти Канзас ва Мичиган ба Тоҷикистон омада, бо ҳамтоёни тоҷики худ барои то 40 дар сад боло бурдани ҳосилнокии гандум талош намоянд.
Ин нуқта дар гузориши ҷаддиди Барномаи муштарак зидди зараррасонҳои хоҷагии қишлоқ, ки аз ҷониби ИМА маблағгузорӣ шуда ба таъмини амнияти озуқаворӣ дар кишварҳои Осиёи Миёна равона шудааст, таъкид гардидаст.
Фрэнк Залом, профессор аз донишгоҳи Колифорния, яке аз аъзоёни ҳайати олимон мегӯяд, дар Тоҷикистон гандум маҳсулоти асосии озуқаворӣ аст ва ин омил онҳоро водор кардаст, ки ба несткунии зараррасонҳои ин намуди зироат таваҷҷӯҳи бештар дода ба ҳамин восита ҳосилнокии гандумро зиёд намоянд. Ба иттилои Фрэнк Залом, соли гузашта, олимони ИМА ва Тоҷикистон 36 навъи гандумро дар майдони омӯзишии ноҳияи Ҳисор кишт кардаанд, то маълум созанд, ки кадоме аз ин намудҳо ба зараррасони баргхурак (несткунандаи 20-25 фоизи ҳосили гандум) дар Ҳисор тобовар аст. Миёни 36 навъи омӯхташуда, 7 навъ то 10 фоизи ҳосилро аз даст дода, нисбатан устувор буданашонро ба муқобили баргхӯрак нишон додаанд ва акнун ин намудҳо барои ҳосил кардани намуди боз ҳам устувортар истифода хоҳанд шуд.