Сел дар Суғд боз харобкорӣ мекунад
Сел дар шимоли кишвар 4 купрук ва як хонаи истиқоматиро шуста бурд.
Тавре ба Озодагон дар Кумитаи ҳолатхои фавқуллода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд итилоъ доданд, бегоҳи рӯзи гузашта дар миқёси вилоят борони сел борид, ки дар натиҷа ба сел мубаддал шуд.
Сел дар ҷамоати наздисарҳадии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров як пулро шуста бурд.
Дар ҷамоати Ҷарбулоқи нохияи Ашт бошад, як манзили истиқоматӣ ва як купрук хароб шуд. Хамчунин, дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 2 пули дарозиашон 40 метр ба коми об рафт. Дар ҷои ходиса комиссии махсус кор бурда, зарари расидаро муайян мекунад.