Нархи орд, ки тибқи иттилои Барномаи озуқа ва кишоварзии Созмони миллали муттаҳид 60 фоизи колорияи рӯзонаи мардуми Тоҷикистонро ташкил медиҳад, аз аввали сол дар бозорҳои кишвар ҳудуди 3 фоиз арзон шудааст.
Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, айни ҳол арзиши орди навъи якуми истеҳсоли Қазоқистон дар шаҳри Душанбе ба ҳисоби миёна 110 сомонӣ барои 50 киллограмро ташкил медиҳад, ки нисбат ба аввали соли ҷорӣ, 3,3 дар сад арзонтар аст. Орди навъи якуми истеҳсоли ватанӣ аз аввали сол 2,5 фисад арзон шуда, айни ҳол дар бозорҳои пойтахт бо нархи 106 сомонӣ дар фурӯш аст.
Манбаъ аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо таъкид кард, ки моҳи апрели соли гузашта халтаи 50 килограмаи орди Қазоқистон 136 сомонӣ ва орди навъи якуми ватанӣ 120 сомонӣ нарх дошт.
Дар ҳамин ҳол, масъулини Хадамоти зиддиинҳисорӣ мегӯянд, дар бозори орди Тоҷикистон рақобат шадид аст. Ба иттилои Хадамот дар ин бозор, субъекте, ки мавқеи монополиро дошта бошад, ба қайд гирифта нашудаст.