Донишкадаи политехники Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон (ДПДТТ) дар Суғд барандаи мусобиқаи футбол барои дарёфти Ҷоми кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шимоли кишвар гардид.
Даври финалии мусобиқа бо ширкати беш аз 1000 мухлис баргузор шуд. Рақиби ДПДТТ Донишгоҳи ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (ДДҲБСТ) буд. Қисми аввали бозӣ мусовӣ-1:1 хотима ёфт. Дар нимаи дуюми бозӣ ДПДТТ ду гол ва ДДҲБСТ як тӯбро ба нишон расонданд.
Барои ҷои сеюм Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ) ба номи Бобоҷон Ғаффуров ва дастаи Коллеҷи омӯзгорӣ вориди рақобат шуданд. ДДХ ҳарифашро бо ҳисоби 3:2 шикаст дода, зинаи сеюми мусобиқаро соҳибӣ кард.
Дар расми супоридани Ҷоми ҲХДТ ҳамчунин ба бозингарони беҳтарин- дарвозабони беҳтарин, муҳофизи беҳтарин, ҳамлагар ва нишонзани беҳтаринтӯҳфаҳои хотиравӣ супурда шуд.