Лигаи Аврупо: Клубҳои Испания дар финал
Барои пирӯзӣ дар финали Лигаи Аврупо оид ба футбол ду клуби Испания бо ҳам вориди рақобат мешаванд.
Шоми рӯзи гузашта, 26-уми апрел «Атлетико»-и Мадрид ва «Атлетик»-и Билбао дар бозиҳои ҷавобии даври 1/2 финалии Лигаи Аврупо дастболо шуда, ба қисмати ниҳойии мусобиқа роҳхат гирифтанд.
«Атлетико» дар меҳмонӣ «Валенсия»-ро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод. Голи ягонаи бозиро ҳамлагари «Атлетико» Адриан Лопес дар дақиқаи 60-ум ба нишон расонд. Дар бозии аввали ин ду даста, ки 19-уми апрел баргузор шуд, ҳамчунин «Атлетико» дастболо гардид. Он дидор 4:2 анҷом ёфта буд.
«Атлетик» аз Билбао бошад, дар бозии дуюми даври 1/2 мизбон буд. Бозингарони даста ба дарвозаи «Спортинг» 3 гол зада ва танҳо як тӯб сар доданд. Дар бозии аввал «Спортинг» бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуда буд.
Даври ниҳойии мусобиқаи Лигаи аврупо оид ба футбол 9-уми май дар варзишгоҳи миллии Бухарест, пойтахти Руминия баргузор мешавад.