Хуҷанд гулпуш мешавад, агар онҳо сабзанд
Дар назар аст, ки соли равон дар хиёбону гулгаштҳои шаҳри Хуҷанд наздик ба 300000 бех кучати гул шинонида шавад.
Дар ин бора ба Озодагон аз сарраёсати ободони маркази вилояти Суғд иттилоъ доданд. «Дар хиёбонҳои шаҳр асосан гулҳои «Петуния», «Солвей» «Вербинея», «Георгения», «Какарантус», «Садбарг» ва навъҳои дигар шинонида мешавад»,-афзуд манбаъ.
Гуфта мешавад, ки солҳои пеш ин навъи гулҳоро аз хориҷ ба Тоҷикистон меоварданд, аммо ҳоло онҳо дар гармхонаҳои муассисаи кабудизоркунии шаҳри Хуҷанд парвариш мешаванд.