Олга Гаврук ҳам дар навбати худ гуфт, ки Белорус яке аз бузургтарин истеҳсолкунандаи техникаи хоҷагии қишлоқ ба ҳисоб рафта, 8 фоизи тракторҳои дар ҷаҳон истеҳсолшаванда ба он таалӯқ дорад. Ғайр аз ин 3 фоиз мошинолоти бузурги кӯҳканиро низ ин кишвар ба бозори ҷаҳонӣ содир менамояд. Дар истеҳсоли маҳсулоти хоҷагии қишлоқ аз қабили панир, равғани растанӣ ва қанд мавқеи устувор дорад.
Дар мулоқот ҷиҳати мустаҳкам намудани ҳамкориҳои илмиву фарҳангӣ таваҷҷӯҳ зоҳир гардид. Дар поёни дидор созишномаи дуҷониба ҷиҳати вусъат бахшидани ҳамкориҳои судманд ба имзо расид.
Дар идомаи сафари худ сафири Белорус дар Тоҷикистон аз корхонаи муштараки «Ҷавонӣ» ва «САТН», ҶС « Қолинҳои Қайроққум», корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии Суғд ва ҷойҳои таърихию тамошобоби вилоят боздид ба амал меорад. Дар ин бора ба хабарнигори маҳаллии Озодагон аз Хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.