Харҷи баргузории маросими қасамёдкунии президенти “наву кӯҳна”- и Русия Владимир Путин 22 миллион рублро ташкил медодааст.
Дар ин бора сардори маркази матбуоти маъмурияти президенти Русия Виктор Хреколв ба хабаргузориҳо иттилоъ дод. Феълан, дар Кремл корҳои омодагӣ барои расми савгандёдкунии президент босуръат идома дорад. Виктор Хреков аз ҷумла гуфтааст, ки таҷрибаи қасамёдкунии президент дар кишвар собиқаи бузург надорад ва барои ташкили ин гуна маросим феълан кӯшишҳои зиёд ба харҷ мерасанд.
Дар расми қасамёдкунии президент ҳамаи шахсони боэтимоди Владимир Путин, сарварони нерӯҳои мухолиф, номзадҳо ба мақоми президентӣ ва ҳамчунин Михаил Горбачев даъват хоҳанд шуд. Ҷамъан, теъдоди ширкаткунандагони ин маросим 2 ҳазор нафар рақам зада мешавад. Маросими қасамёдкунӣ 7-уми май, соати 12:00 шурӯъ гардида, 1 соат идома меёбад.