«50%-и қонун «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» камбудӣ дорад»
Ҳукумати Тоҷикистон ба мақомоти дахлдори кишвар, аз ҷумла Қумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ супориш додааст, ки қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгрии давлатии соҳибкорӣ»-ро аз нав таҳриру таҳия намоянд.
Бо таваҷҷӯҳ ба ин, имрӯз, 26-уми апрел дар шаҳри Душанбе бо ширкати як қатор коршиносону мутахассисон, масъулини ниҳодҳои мухталифи кишвар, соҳибкорону намояндагони ташкилотҳои байналхалқӣ ҳамоише баргузор гардид. Абдулмаҷид Мӯъминов, масъули Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ гуфт, мақсад аз таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур дар таҳрири нав мутобиқсозии ин қонун бо қонунҳои дигар кишварҳо ва гузашта аз ин бо қонунҳои амалкунандаи имрӯзи кишвар мебошад. Дар ин нишаст гуфта шуд, ки қонун «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» беш аз 10 сол боз амал мекунад ва 50%-и он камбуди дошта, имрӯз мебояд ба он ислоҳҳоти ҷиддӣ ворид шавад. Абдулмаҷид Мӯъминов афзуд, ки тибқи супориши ҳукумати Тоҷикистон, тағиру иловаҳо ба қонуни мазкур то охири соли 2012-ум ворид мешавад ва дар охири ҳамин сол ба ҳукумат пешниҳод хоҳад шуд.