Раиси кумита варзишгарони тоҷик Собирҷон Назаров, Ҷаҳон Қурбонов ва Парвиз Одинаевро, ки соҳиби роҳхати олимпиянд, ба ҳузур пазируфт.
Маликшо Неъматов ба Собирҷон Назаров ва Ҷаҳон Қурбонов ба маблағи 5000 сомонӣ ва ба Парвиз Одинаев ба маблағи 2500 сомонӣ тӯҳфаи Эмомалӣ Раҳмон, президенти Кумитаи миллии Олимпии Тоҷикистонро супурд. Дар ин бора ба Озодагон аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ иттилоъ доданд.