Фардо, 27-уми апрел дар бинои Омбудсмени Тоҷикистон барои кормандони ваколатдори ҳуқуқи инсон, мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мавзӯи «Дастрасӣ ба иттилоот» мизи мудаввар баргузор мегардад.
Тавре ба Озодагон аз Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад хабар доданд, дар кори нишаст намояндагони мақомот ва сохторҳои гуногуни давлатӣ иштирок намуда, мавзӯъҳои дастрасӣ ба иттилоот дар Тоҷикистон, мушкилот ва пешомадҳо, таҷрибаи мусбат дар дастрасӣ ба иттилоотро муҳокима мекунанд.
«Се масъалаи асосии ҳуқуқ ба дастрасии иттилоот тибқи қонунгузории Тоҷикистон, такмили қонунгузории дастрасӣ ба иттилоот ва озодии сухан, дахлнопазирӣ ба ҳаёти шахсӣ ва дастрасӣ ба иттилоот, ҳаёти шахсӣ ва дастрасӣ ба иттилоот- таҷрибаи кишварҳои хориҷӣ, нақши Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар пешбурди дастрасии ҷомеа ба иттилоот доир ба ҳуқуқи инсон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор мегирад»,-афзуд манбаъ.