Тавре Аъзам Мирзоев муовини вазири тандурустӣ зимни як ҷамъомади фаҳмондадиҳӣ миёни ҷавонону наврасон дар толори «Сирк»-и давлатӣ гуфт, вараҷа бемории сироятӣ буда, бештар дар натиҷаи нешзании хомӯшакҳои вараҷаовар (Анофелес) аз шахси бемор ба шахси солим мегузарад. Баландшавии ҳарорат ва ларзиши бадан, бемадорию басташавии иштиҳо, дарди сар ва устухону пайвандҳо нишонаҳои бемории вараҷа мебошанд.
Номбурда афзуд, ки ин беморӣ бештар ба иқтисодиёти давлатҳои Африқо хисороти зиёд ворид намуда дар давлатҳои Осиё , Амрикои Лотинӣ, Шарқи наздик ва ҳатто дар як қисми Аврупо низ мавҷудияти худро нигоҳ доштааст. 75 дар сади аҳолии Тоҷикистон дар зери хатари сироятёбии бемории вараҷа сукунат доранд. Дар даҳсолаи охир аз сабаби тағйир ёфтани вазъи сиёсӣ ва иқтисодиёт дар ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати эпидемикии бемории вараҷа номусоид гардид. Омилҳои асосии паҳншавии вараҷа дар Тоҷикистон, ин саршавии муҳоҷират ва интиқол намудани сироят аз ҷумҳурии исломии Афғонистон будааст. Дар Тоҷикистон солҳои 1995-1997 ба қайдгирии ин беморӣ якбора авҷ гирифта хатари паҳншавии он дар ҳудуди ҷумҳурӣ ва берун аз он зиёд гардид, афзуд Аъзам Мирзоев.
Ёдовар мешавем, ки чорабинии мазкур, ки пеш аз ҳама миёни наврасон гузаронида мешавад, бо кӯшиши Вазорати тандурустӣ дар якҷоягӣ бо ҳунармандони «Сирк»-и давлатии Тоҷикистон баргузор гардид.