Зимни як амалиёти вижаи кормандони раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Суғд, пеши роҳи воридоти миқдори зиёди маҳсулоти пастсифати қаннодии истеҳсоли Туркия, ки ба қаламрави ҷумҳурӣ ворид гардидааст ошкор намуданд.
Тавре ба «Озодагон» сарнозири шӯъбаи иттилооти Хадамоти гумрук Нурулло Шарипов иттилоъ дод, зимни амалиёт мақомоти гумрук дар якҷоягӣ бо Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди ҳукумати Тоҷикистон, Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ пеши роҳи воридоти маҳсулоти қаннодиро ба миқдори 16 430 килограмм ва ба маблағи 14 787 доллари ИМА Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Суғд гирифтааст.
Бино ба иттилои манбаъ, сабаби ба муомилот иҷозат надодани ин маҳсулоти қаннодӣ пастсифат будани он мебошад (ба стандарти давлатӣ мутобиқ набуданаш), ки ҳангоми ташхис муайян шудааст. Моли мазкур нобуд карда шудааст.