Ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» Абдулмаҷид Шобадалов 39 сола, аснои ҳаракат аз тарафи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ба самти ноҳияи Қумсангир дар ҳудуди деҳаи Қизил-нишон аз ӯҳдаи воситаи нақлиёт набаромада ба автомашинаи тамғаи «Хова» дар тарафи рости роҳ меистод, бархӯрдааст.
Тавре ба Озодагон аз ВКД хабар доданд, Абдулмаҷид Шобадалов 39 сола, сокини ҷамоати деҳоти Панҷи ноҳияи Қумсангир, деҳаи Айнӣ будааст.
Бино ба иттилои манбаъ, дар натиҷа худи ронанда Абдулмаҷид Шобадалов ва мусофири автомашина Муҳсин Ҳомидов 49 сола, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, деҳаи Ҷайрабулоқ ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан ба ҳалокат расидаанд.