Сафаралӣ Каримов барои лат додани ҳарифаш аз 5 бозӣ маҳрум ва ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ ҷарима карда шуд. Бенҷамин Аманква барои ду корти зард гирифтанаш аз як бозӣ маҳрум ва 500 сомонӣ ҷарима баста шуд. Ҳасан Рустамов, Эраҷ Холов ва Маъруф Рустамов барои рафтори ғайриварзишӣ дар ҷараёни ин бозӣ ҳар кадом ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима шуданд. Ба Сафаралӣ Каримов, Ҳасан Рустамов, Эраҷ Холов ва Маъруф Рустамов ҳушдор додаанд, ки дар сурати такрор намудани чунин амал ба онҳо ҷазои сангин эълон карда мешавад.
Ғайр аз ин, Кумитаи назорату интизоми ФФТ роҳбари дастаи “Энергетик”-и Душанберо барои таъмин накардани шароит ҳангоми баргузории бозӣ бо “Истаравшан” рӯзи 21-уми апрел дар варзишгоҳи “Автомобилист”-и Душанбе ба маблағи 1000 сомонӣ ҷарима баст.
Ёдовар мешавем, ки тими «Равшан»-и Кӯлоб дастаи «Истиқлол»-и Душанберо дар бозии даври сеюми мусобиқаи Лигаи олии кишвар, ки рӯзи 19-уми апрели соли равон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб баргузор шуд, бо ҳисоби 1:0 шикаст дод.