Владимир Путин, нахуствазири Русия, ки баъди чанд рӯзи дигар ба курсии президентӣ такя мезанад, вазифаи роҳбарии ҳизби «Русияи воҳид» (Единая Россия)-ро канор гузоштанист.
Ба навиштаи хабаргузории РИА Новости Путин пешниҳод кардааст, ки дар ин симмат Дмитрий Медведев биншинад. Медведев қарор аст, баъди маросими савгандёдкунии Путин дар санаи 7-уми май нахуствазири Русия шавад. Владимир Путин пешниҳод кардааст, нимаи дуюми моҳи май ҷаласаи ҳизб баргузор шуда, дар он раиси ҷадид интихоб гардад. Путин пас аз савгандёдкунӣ дар симмати раёсатҷумҳурӣ аз вазифаи раиси «Русияи воҳид», ки аз соли 2008 ба ин сӯ онро дар ихтиёр дошт, истеъфо хоҳад дод, навиштааст манбаъ.