Тавре ба Озодагон аз палатаи поёнии парлумони кишвар хабар доданд, семинарии мазкур дар доираи лоиҳаи Мустаҳкам намудани иқтидори парламенти Тоҷикистон баргузор шудааст.
Бино ба иттилои манбаъ, вакилони Маҷлиси намояндагон зимни суханронӣ изҳор доштанд, ки ҳукумати Тоҷикистон иқдомоти ҷиддиро дар доираи маҷмӯи барномаҳои ислоҳотӣ барои таъмини рушди устувори иқтисодиёти мамлакат ва ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ дар дастури кори худ қарор додааст. Таъкид шуд, ки яке аз мақсадҳои муҳими рушди миллии Тоҷикистон ташкил кардани системаи самараноки идоракунии давлатӣ ҳамчун асос дар рушди устувори иқтисодиёти мамлакат ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ мебошад.
Манбаъ афзуд, дар доираи барномаи ислоҳотии мазкур, инчунин Системаи идоракунии молияи давлатӣ мавқеи муҳимро ишғол мекунад, ки он баланд бардоштани самаранокӣ ва шаффофиятро талаб менамояд. Муваффақияти тадбиқи ислоҳотҳо дар ҷумҳурӣ, асосан, аз мукаммал будани шохаи қонунгузории давлат вобаста мебошад. «Мақсад аз гузарондани чунин чорабинӣ тақвият ва баланд бардоштани иқтидори парламент дар воқиф будани вакилон дар ҷараёни тадбиқи ислоҳоти давлатӣ аст»,-афзуд манбаъ.