Дар марафони Лондон ҳангоми давидан як зан ба ҳалокат расид
Як хонуми 30 сола, аснои ширкат дар марафони Лондон ба ҳалокат расид.
Сабқати дав рӯзи гузашта, 22-юми апрел дар пойтахти Англия баргузор шуд. Ин зан ҳамагӣ чанд метр дуртар аз марра беҳуш шуда ба замин афтодааст. Ёрии таъҷилӣ ҳам натавониста, ки ӯро аз марг раҳонад. Иллати аслии марги ин хонум ҳанӯз эълон нашудааст. Ному насабашро ҳам эълон накардаанд.
Тибқи хабари расонаҳо марафони рӯзи якшанбе бо ширкати беш аз 37 ҳазор нафар гузаштааст.
Уилсон Кипсанг ва Мэри Китан, бошандагони Кения дар ин сабқат пирӯз шудаанд. Аввалӣ дар 2 соату 4 дақиқа ва 44 сония, дувумӣ дар 2 соату 18 дақиқаву 37 сония ба марра расидаанд.