Бо гузашти 23 рӯз аз оғози даъвати баҳории ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон комисарияти ҳарбии шаҳри Норак аз иҷрои пурраи нақшаи даъват гузориш дод.
Тавре аз дафтари матбуоти Вазорати дифоъ ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, даъвати навбати ҷавонон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ва ба хона баргаштани сарбозоне, ки мӯҳлати муайяни хизмати ҳарбиро ба анҷом расонидаанд, дар ҳама шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ҷараён дорад. Феълан вилояти Суғд 37%, вилояти Хатлон 54 %, ВМКБ 42%, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 46% ва комиссариатҳои ҳарбии чор ноҳияи пойтахт 30 дарсади нақшаро иҷро кардаанд.
Даъвати имсолаи ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳ аз 1-уми апрел оғоз гардида, то имрӯз 45,9 фисади нақша иҷро гардидааст.