Як рӯзи кӯдакон дар қароргоҳи ҳизби сиёсӣ
Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар баргузории Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон саҳм мегирад.
Тавре ба мо аз қароргоҳи марказии ин ташкилоти сиёсӣ иттилоъ доданд, шӯъбаи фарҳанг ва иршоди ҲНИТ дар якҷоягӣ бо шӯъбаи ҷавонон ва варзиш барномаи фароғатиеро барои кӯдакон омода ва пешкаши наврасон намуданд. Толори ҳизб бо пуфакҳои рангоранг ва дигар овезаҳо оро дода шуда, тифлакон бо лаҳни ширин дар васфи Ватан, дину паёмбар, модар ва муаллим шеърҳо қироат намуда аз ҷониби комиссияи тадорукот қадрдонӣ шуданд. Ҳамчунин, бозиҳои гуногуни шавқовар миёни кӯдакон гузаронида шуда, ғолибон соҳиби ифтихорнома гардиданд.