Инфиҷори мин ҷони ду хизматчии ҳарбии нерӯҳои байналмилалии мусоидат ба амният дар Афғонистонро гирифт.
Ин ҳодиса рӯзи гузашта дар ҳудуди яке аз вилоятҳои шарқии давлати исломӣ ба вуқӯъ пайвастааст.
То кунун иттилои бештаре дар мавриди миллати сарбозони кушташуда ба ВАО нарасидааст. Ҳамчунин, номи музофоте, ки мин таркидааст, дақиқ гуфта намешавад.
Тибқи оморҳо дар чор моҳи соли 2012 120 нафар хизматчиёни нерӯҳои эътилофи байналмилал дар Афғонистон ҷони худро аз даст додаанд. Моҳи апрел 23 низомии хориҷӣ дар кишвари исломӣ кушта шудааст.