Туркия бузургтарин харидори молҳои Тоҷикистон аст
Тибқи иттилои Агентии омори назди президенти Тоҷикистон беш аз 40 фоизи молҳои содиршавандаи Тоҷикистон ба Туркия меравад.
Дар маҷмӯъ ба Туркия, ки харидори асосии молҳои Тоҷикистон аст, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ба маблағи 131,5 миллион доллари амрикоӣ моли тоҷикӣ содир шудаст. Ин дар ҳолест, ки ҳаҷми воридот аз ин кишвар ба Тоҷикистон ҳамагӣ 20,2 миллион доллари амрикоиро ташкил додаст.
Дар баробари Туркия, харидорони асосии молҳои тоҷикӣ, Чин, Афғонистон, Швейсария, Русия ва Қазоқистон маҳсуб меёбанд. Ҳаҷми содироти молҳои тоҷикистонӣ ба Чин 19 фоизро ташкил медиҳад. Ба ин кишварҳо асосан металҳои ранга, аз ҷумла алюминийи аввалия ва нахи пахта содир мешавад.
Аммо дар маҷмуъ Тоҷикистон ҳамоно кишвари истеъмолкунанда боқӣ монда, дар савдои хориҷӣ ҳаҷми воридот аз содирот ба маротиб зиёд аст.