РМЭ: Фарогирӣ бояд на камтар аз 95% бошад
Аз 23 то 28-уми апрел дар қаламрави ҷумҳурӣ маъракаи эмгузаронӣ бар зидди бемории гулӯзиндонак гузаронида мешавад.
Дар ин маърака кӯдакони аз 3 то 6 солаю 11 моҳаву 29 рӯза эм хоҳанд шуд.
Аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, ки бо мақсади мӯътадилгардонии вазъияти эпидемиологии бемории гулӯзиндонак вазорат қарор додааст, рӯзҳои миллии эмгузаронӣ (РМЭ)-ро роҳандозӣ кунад. Аз ин хотир давоми 7 рӯзи ҳафтаи оянда, дар маҷмӯъ 730 031 кӯдак бо ваксинаи АДС эм карда мешаванд.
Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин дар назар аст, ки тирамоҳи соли равон кӯдакони аз 7 то 12 солаю 11 моҳаву 29 рӯза бо ваксинаи АДС-М ва ҷавонони аз 13 то 21 сола бо ваксинаи АДС-М эм шаванд.
«Тибқи нақша сатҳи фарогирии РМЭ бар зидди гулӯзиндонак бояд на камтар аз 95 дар сад таъмин шавад»,- афзуд сарчашмаи хабар.