Райиси Маҷлиси Намояндагон аз ширкат наварзидани бархе аз вазирон дар ҷаласаҳои парлумон изҳори нигаронӣ кард.
Дар нишасти имрӯзаи палатаи поёнии парлумони мамлакат, тибқи рӯзномаи ҷаласа 8 масъала мавриди баррасӣ ва муҳокимаи вакилон бояд қарор бигирад. Масъалаи нахустин, ки оид ба лоиҳаи қонун «Дар бораи палатаи ҳисобӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, аз рӯи он муовини вазири молия Ҷамшед Норинов баромад кард. Шукурҷон Зуҳуров пас аз баромади Норинов гуфт, «мебойист ин қонунро дар ҷаласаи имрӯза вазири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов муаррифӣ мекард, зеро масъала ҳисоботи молиявӣ аст. Норинов фаъол аст, ҳамкории хубе бо парлумон дорад, аммо вазир худаш шахсан бояд ширкат мекард».
Масъалаи дуввуми баррасишаванда ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонуни ҶТ «Қонун дар бораи милитсия» буд. Райиси Маҷлиси Намояндагон пас аз он ки вазири корҳои дохила Абдураҳим Қаҳҳоровро дар толори парлумон надид, ба намояндаи комилҳуқуқи президент дар палатаи поёнии парлумон Ҷумъахон Давлатов муроҷиат карда иброз дошт, ки «бояд чораҳо андешид, чаро дар ҷаласаҳои ҳукумат, дастгоҳи президент ва машваратҳои назди райисҷумҳур вазирон худашон шахсан иштирок мекунанд, аммо парлумонро ҳурмат накарда намояндагонашонро мефиристанд?».