Як кило бангдона бонуи бохтариро боз пушти панҷара бурд
Кормандони ҳифзи ҳуқуқ аснои баргузории як амалиёти ҷустуҷӯӣ дар терминали мусофиркашонии шаҳри Қӯрғонтепппа як миқдор маводи мухаддирро забт ва мусодира карданд.
Тавре ба Озодагон аз ВКД хабар доданд, зимни ин амалиёт Санавбар Гуловаи 45 сола, сокини ноҳияи Бохтар бо гумони харидории маводи нашъа дастгир шудааст.
Бино ба иттилои манбаъ, номбурда бар ивази 1000 доллари амрикоӣ аз Тиллохуҷа Муслимов, сокини ноҳияи Қумсангир 1 килло бангдона харидорӣ кардааст.
Манбаъ афзуд, Санавбар Гулова қаблан бо ҳамин ҷурм аз озодӣ маҳрум шуда ва дар асоси қонуни авф раҳо шудааст.